Январ 05, 2019 19:10 Asia/Dushanbe
  • Сиёситарин давраи Ҷоми миллатҳои Осиё имрӯз оғоз мешавад

Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 имшаб дар ҳоле дар Иморот оғоз мешавад, ки бисёре аз коршиносон, ин давраро сиёситарин давраи бозиҳои Ҷоми миллатҳои Осиё медонанд.

Сомонаи хабарии “Варзиш 3” навишт, шояд дар шиор битавон футболро ҷудо аз сиёсат донист, аммо ҳаддиақал дар минтақаи Ховари Миёна чунин мавзӯе ба ҳеҷ унвон бо воқеият мутобиқат надорад.

Ин сомона афзудааст, нигоҳе ба рӯзномаҳои иморотӣ нишон медиҳад, онҳо кӯчактарин хабар ё таҳлиле дар бораи тими миллии Эрон надоштаанд, ки ин мавзӯъ бо таваҷҷуҳ ба ин ки Эрон, яке аз муддаиёни қаҳрамонӣ дар ин ҷом аст, аҷиб ба назар мерасад.

Ин сомона дар идома навиштааст, Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 дар шароите баргузор мешавад, ки Эрон ва Арабистон мунозиоти сиёсии шадиде бо якдигар доранд ва Иморот, мизбони ин мусобиқот, дар сиёсат ҳомии Арабистон аст.

Аз он сӯ, низ расонаҳои варзишии кишварҳое назири Қатар ва Ироқ аз дар ҳимоят аз тими Эрон даромада ва гузоришҳои бисёре аз тими миллии Эрон ва бахти қаҳрамонии ин тим мунташир кардаанд. Дар ҷабҳаи Эрон илова бар Қатар, метавон кишварҳое назири Сурия, Яман ва Ироқро дид, он тараф Имороти муттаҳидаи арабӣ муҳиммтарин ёри Арабистон аст.

Афзӯн бар ин, коршиносони мусобиқаи Арабистон ва Қатар дар гурӯҳ “E” ин мусобиқотро бо таваҷҷуҳ ба танишҳои шадиди сиёсии ду кишвар дар як соли ахир, яке аз тамошоитарин ва сиёситарин рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 пешбинӣ мекунанд.

Тими миллии футболи Эрон беш аз панҷ сол аст, ки дар садри ҷадвали раддабандии Осиё ҷой дорад ва дар ин солҳо камтар пеш омада, ки мағлуби тимҳои осиёӣ шавад.