Январ 06, 2019 11:19 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Қазоқистон ва Узбакистон дар бораи содироти бензин

Вазири энержии Қазоқистон аз баргузории музокироти ин кишвар бо ширкати «Узбакнефтгаз» барои содироти бензин ба Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши Франс-пресс, Канат Бозумбоев рӯзи шанбе дар суханоне пас аз баргузории музокироти ин кишвар бо ширкати «Узбакнафтгаз» дар Остона барои содироти бензин ба Узбакистон гуфт, кишвараш алоқаманд ба бозорҳои Узбакистон, Афғонистон ва Тоҷикистон аст.

Вазири энержии Қазоқистон ҳамчунин дар моҳи декабри 2018 низ дар бораи эҳтимоли содироти бензини ин кишвар ба Қирғизистон аз феврали соли 2019 хабар дода буд.

 Қазоқистон ахиран се полоишгоҳи худро навсозӣ кардааст.