Январ 10, 2019 13:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қирғизистон бар густариши фанноварии диҷитол дар соли ҷории мелодӣ

Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон дар сафар ба вилояти Чуйи ин кишвар, бар эъломи соли 2019 –и мелодӣ ба унвони Соли тавсеаи вилоёт ва густариши фанновариҳои диҷитол таъкид кард.

Сооронбой Жеенбеков дар боздид аз корхонаҳои саноатии вилояти Чуй гуфт: “Соли 2019 –и мелодиро Соли тавсеаи вилоятҳо ва густариши технологияҳои диҷитол эълом мекунам”.

Раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин таъкид кард, густариши технологияи диҷитол талаби рӯз аст ва ин раванд барои шаҳрвандони Қирғизистон имконоти ҷадиде фароҳам мекунад то зимни тасҳили дарёфти хадамоти давлатӣ, нақши фасоди молиро дар кишвар пойин оварад.

Коршиносон мегӯянд, ихтилос ва ришвахорӣ, таҳаққуқи аҳдоф ва барномаҳои тавсеаи иқтисодиро ба шиддат таҳти таъсири манфӣ қарор медиҳад. Решаи фасод дар Қирғизистон ба сохторҳои нокоромади даврони Шӯравӣ бозмегардад, ки муҷиб шудааст сохторҳои бюрократӣ (коғазбоз) -и Қирғизистон ба сурати густурда даргири фасод ва ришвахорӣ шаванд.

Густурдагии фасод дар ин сохторҳо ба миқдоре аст, ки имкони ҳазфи он дар як бахш вуҷуд надорад ва ислоҳи як бахш бидуни ислоҳи тамоми сохторҳои мавҷуд муҷиби бозгашти дубораи фасод мешавад. Амре, ки борҳо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ таҷриба шуда ва муҷиботи шикасти раванди ислоҳот ва мубориза бо фасод дар ин кишварҳо, бавижа Қирғизистон шудааст.

Ба ҳар ҳол, бояд гуфт, раисҷумҳури Қирғизистон соли 2018 –и мелодиро низ Соли тавсеаи вилоятҳо эълом карда буд. Ба далели номгузории соли тавсеаи вилоятҳо, дар соли гузаштаи мелодӣ 200 корхона ифтитоҳ ва 2500 шуғли ҷадид дар заминаи кишоварзӣ, тавлиди порча ва сохтусоз эҷод шуд.

Қирғизистон 198 ҳазору 500 километри мураббаъ масоҳат ва наздик ба шаш миллион нафар ҷамъият дорад. Ин кишвар шомили 7 вилоят ба номҳои Чуй, Иссиккул, Норин, Тироз, Бодканд, Ӯш ва Ҷалолобод аст. Бо вуҷуди он ки Қирғизистон пешрафтатарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар заминаи демократияи ғарбӣ қаламдод мешавад, фасод ва ришвахорӣ дар ин кишвар, бавижа дар миёни мақомҳои баландпояи давлати Бишкек ба шиддат роиҷ аст. Густариши фасод ва ришвахорӣ дар Қирғизстон дар ҳоле аст, ки ин кишвар бидуни маблағи дарёфтӣ аз эъзоми нерӯи кори Қирғизистон ба Русия ва Қазоқистон, дарёфти кумакҳои хориҷӣ ва содироти маводи хом имкони идомаи ҳаёт надорад.

Дар ин иртибот Андрей Казантсев, мудири Маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия гуфтааст, умдаи кумакҳои молии хориҷӣ вомҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ, ихтисоси эътибороти молӣ аз сӯи давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ва даромадҳои ношӣ аз муҳоҷирони хориҷӣ танҳо роҳҳои касби даромадҳои будҷаи давлати Қирғизистон аст. Ин авомил нишон медиҳанд, ки бидуни кумакҳои молии хориҷӣ ин кишвари Осиёи Марказӣ тавони иҷрои барномаҳои тавсеаи миёнамуддатро барои солҳои оянда нахоҳад дошт.

Дар маҷмуъ бояд гуфт, бо вуҷуд он ки Қирғизистон манобее аз тило ва ураниюм ва филизҳои камёб дар ихтиёр дорад, иқтисоди ин кишвар умдатан ба тиҷорат ва азҷумла судури колоҳои бумӣ ва бахусус бозсудури колоҳои чинӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вобаста аст. Дар воқеъ, манобеи даромадии Қирғизистон маҳдуд аст ва густариши фасод ва ришвахорӣ имкони иҷрои ҳар гуна тарҳи тавсеаи иқтисодиро таҳти шуо қарор медиҳад.