Ҳимояти Бонки Рушди Осиё аз афзоиши тиҷорати барқ дар Осиёи Марказӣ
(last modified Thu, 10 Jan 2019 14:35:06 GMT )
Январ 10, 2019 19:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Бонки Рушди Осиё аз афзоиши тиҷорати барқ дар Осиёи Марказӣ

Бонки Рушди Осиё аз омодагии худ барои эътои кумаки 4.5 миллион долларӣ ҷиҳати афзоиши тиҷорати барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.

Ба гузориши Форс, бо ин тарҳ, имкони пайвасти дубораи барқи Туркманистон ба хаттҳои ягонаи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ва афзоиши содироти барқ ба Афғонистон фароҳам мешавад.

Туркманистон қасд дорад то соли 2020, 27.4 миллиард киловатт/соат барқ тавлид ва то соли 2030 ин рақамро ба 35.5 миллиард киловатт/соат афзоиш диҳад.

Пеш аз ин, вазорати энержии Туркманистон дар гузорише эълом карда буд, барои содироти барқи ин кишвар ба Тоҷикистон, Покистон ва Ҳинд аз тариқи Афғонистон фурсатҳои бузурге вуҷуд дорад.