Январ 15, 2019 15:23 Asia/Dushanbe
  • Нишасти вазирони умури хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Ҳинд дар Узбакистон

Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд барои нахустин бор бо ҳузури мақомҳои Афғонистон дар шаҳри Самарқанди Узбакистон оғоз ба кор кард.

Дар ин нишасти дурӯза вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд масоили марбут ба ҳамкориҳои минтақаӣ, бавижа ҳамкорӣ дар бахшҳои амниятӣ, энержӣ ва ҳамлу нақлро баррасӣ мекунанд.

Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд нахустин бор дар соли 2012 –и мелодӣ бо ибтикори Деҳлии Нав оғоз шуд.

Пеш аз ин, панҷумин даври ин нишаст дар моҳи сентябри соли гузаштаи мелодӣ дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор шуда буд. Дар воқеъ, нишасти ҷорӣ дар Узбакистон нахустин нишаст аз ин даст аст, ки бо ҳузури намояндаи Афғонистон баргузор мешавад.

Баргузории пай дар пайи нишастҳои муштараки Ҳинд бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи тамоюли шадиди Ҳинд ба ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аст. Бо вуҷуди он ки тайи беш аз як даҳаи гузашта вазъияти амниятии Афғонистон ба як нигаронии муштарак барои Ҳинд ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ табдил шудааст, даъват аз намояндаи Афғонистон барои мушорикат дар нишасти Самарқанд нишондиҳандаи аҳамияти Афғонистон барои Ҳинд ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст.

Дар айни ҳол, рақобати Ҳинд бо Чин дар заминаи ҳамкорӣ бо Афғонистон ва нуфуз дар Осиёи Марказӣ барои раҳбарони Деҳлии Нав аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Бавижа, ки метавонад барги барандае барои ду кишвар ҷиҳати ҳузур ва нуфуз дар Осиёи Марказӣ қаламдод шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки мавзӯи рақобати қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ барои ҳузур дар Осиёи Марказӣ бисёр ҷиддӣ аст. Ба унвони мисол, Амрико зимни рақобат бо Русия талоши зиёде ба амал меоварад то дар Осиёи Марказӣ ҳузур ва нуфуз дошта бошад. Барои мисол, Федерик Стар, мушовири собиқи се раисҷумҳури Амрико дар умури Русия ва АвруОсиё ва раиси феълии муассисаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз соли гузашта дар гуфтугӯ бо хабарнигорони Тоҷикистон дар Душанбе бо ёдоварии ин ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон афзоиш пайдо хоҳанд кард, гуфта буд, ба ҳамин далел алоқаи Амрико ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ҳамчунон мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта ва акнун нигоҳи тозае ба ин қазия мешавад.

Дар ин шароит, коршиносон тақвияти равобити Ҳинд бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро барои ин кишвар дорои аҳамияти зиёде талаққӣ мекунанд.

Дар муқобили хостаҳо ва тамаъҳои Ҳинд, нигоҳи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Ҳинд умдатан як нигоҳи иқтисодӣ аст. Ҳамаи ин кишварҳо ба равобити иқтисодӣ бо Ҳинд ниёз доранд ва пеш аз ҳар чизе тамоюл доранд то аз сармояҳо ва қудрати иқтисодии ширкатҳои ҳиндӣ дар тарҳҳои иқтисодии худ баҳраманд шаванд. Дар ин шароит, кумакҳои Ҳинд ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ метавонад бар нуфузи Ҳинд дар ин минтақа беш аз пеш биафзояд. Дар воқеъ, баргузории нишастҳои муштарак бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз аҳамияти зиёде барои Ҳинд бархурдор аст. Зеро имкони посухгӯӣ ба ниёзҳои кишварҳои ин ҳавзаро барои раҳбарони Ҳинд фароҳам мекунад.