Январ 21, 2019 13:43 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи сарнавиштсоз барои намояндаҳои футболи Осиёи Марказӣ

Тимҳои миллии футболи Узбакистон ва Қирғизистон имрӯз (душанбе) дар чорчӯби дидорҳои марҳалаи якҳаштуми ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё ду дидори сарнавиштсоз, баробари Австралия ва Иморот баргузор мекунанд.

Дар нахустин бозии имрӯз тими Узбакистон аз соати 19 ба вақти Тоҷикистон, ба масофи тими Австралия меравад.

Дар бозии баъдӣ низ аз соати 22 ба вақти Тоҷикистон, тими миллии футболи Қирғизистон, ки падидаи ин давраи Ҷоми миллатҳои Осиё ном гирифтааст, бо тими мизбон, яъне Иморот дидор хоҳад кард.

Тими Қирғизистон нахустин бор аст, ки ба Ҷоми миллатҳои Осиё роҳ ёфта ва ба унвони тими сеюм ба ҳамроҳи Кореяи Ҷанубӣ ва Чин аз гурӯҳи “C” ин рақобатҳо боло омад.

Имрӯз як бозии муҳимми дигар низ дар соати 16 ба вақти Тоҷикистон миёни ду тими Арабистон ва Ҷопон баргузор хоҳад шуд.