Тарвиҷи ифротгарӣ дар зиндонҳои Осиёи Марказӣ
Раиси шӯрои илмии Маркази зидди террористии ИДМ гуфт, ҷурмҳои марбут ба ифротгароӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ раванди рӯ ба афзоиш дорад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Марианна Кочубей, раиси шӯрои илмии Маркази зиддитеррористии ИДМ дар ҳошияи мизи гарде бо мавзӯи «арзёбии чолишҳо ва ниёзҳои зиндониён» дар шаҳри Бишкек, гуфт, террористҳо дар бисёре аз маворид қасдан барои вуруд ба зиндонҳо ва иҷрои фаъолитҳои таблиғотӣ байни зиндониён ҷурмҳоеро муртакиб мешаванд.
Марианна Кочубей бо таъкид бар нигаҳдории террористҳо дар бандҳои махсуси ифротгароён тасреҳ кард, дар сурати нигаҳдории ин афрод дар бандҳои умумӣ, онон фурсатҳои зиёде барои фаъолитҳои таблиғӣ ба даст меоваранд, аммо дар сурат нигаҳдории онон дар бандҳои марбут ба ифротгароён, ин чолиш то ҳадди зиёде рафъ мешавад.
Ин коршиноси рус афзуд, дар зиндонҳо шароити бисёр муносибе барои густариши ақоиди ифротӣ фароҳам шудааст ва зиндониён пас аз озод шудан ба созмонҳои ифротӣ мулҳақ мешаванд.
Кочубей гуфт, бар асоси иттилооти расмӣ, дар Тоҷикистон 675 нафар, дар Қирғизистон 256 ва дар Қазоқистон 661 нафар ба ҷурми ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.