Феврал 21, 2019 13:43 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Узбакистон ва фармондеҳи ситоди артиши Амрико

Фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико бо раисҷумҳури Узбакистон дар Тошканд дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар дидори Ҷозеф Леонард Вутел ва Шавкат Мирзиёев дар Тошканд, дутараф дар бораи густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобили низомӣ, фаннӣ ва амниятии Узбакистон ва Амрико баҳсу табодули назар карданд.  

Фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико барои ҳузур дар Нишасти давраии фармондеҳони ситодҳои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Тошканд шудааст.

Ҷозеф Леонард Вутел пештар дар Конгресси Амрико аз талоши ин кишвар барои фурӯши таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамониат аз хариди ин кишварҳо аз таҷҳизоти низомии русӣ хабар дода буд.