Нишасти Шӯрои бозаргонии Узбакистону Англия баргузор мешавад
(last modified Mon, 25 Feb 2019 07:56:37 GMT )
Феврал 25, 2019 12:56 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Шӯрои бозаргонии Узбакистону Англия баргузор мешавад

Бисту чаҳорумин нишасти Шӯрои бозаргонӣ ва саноати Узбакистон ва Англия аз 28-уми феврал то аввали март дар Тошканд баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин нишасти Шӯрои бозаргонӣ ва саноати Узбакистону Англия фурсати муносибе барои корофаринони ду кишвар ҷиҳати ошноӣ бо тавлидот ва фанновариҳои бозаргонии тарафайн мебошад. Имсол дар ин нишаст беш аз 100 бозаргон аз беш аз 55 ширкати англисӣ ҳузур пайдо мекунанд. Ин бештарин теъдоди ширкаткунандагон дар таърихи Шӯрои бозаргонӣ ва саноати Узбакистон ва Англия аст.

Бисту чаҳорумин нишасти Шӯрои бозаргонӣ ва саноати Узбакистон ва Англия ба раёсати Алаёр Ғаниев, муовини нахуствазири Узбакистон ва Никелсон Вентербурнской, раиси Шӯрои Англия баргузор хоҳад шуд. Дар ин нишаст тарафайн масоили тавсеаи тиҷорат ва сармоягузориҳои байни Узбакистону Англия, ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои беҳдошт, омӯзиш ва гардишгариро баррасӣ ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо мекунанд.

Шӯрои бозаргонии Узбакистон ва Англия бо ҳадафи тавсеаи тиҷорат дар соли 1994 эҷод шуд. Ин шӯро ба ширкатҳои Англия дар қаламрави Узбакистон кумак мекунад. Нишасти солонаи шӯро ба навбат дар Тошканд ва Лондон баргузор мешавад. Англия яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон дар Аврупо аст, ки мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар 9 моҳи соли 2017 дар сатҳи 115 миллиону 900 ҳазор доллар қарор гирифтааст. Ҳамакнун дар Узбакистон 567 ширкат бо сармоягузории сармоягузорони Англия, аз ҷумла 396 ширкати муштарак ва 162 ширкат бо сад дарсад сармояи сармоягузорони англис дар заминаҳои саноеи ғизоӣ, маъдан, дорусозӣ ва нассоҷӣ ва ҳамчунин тиҷорату хадамот фаъолият мекунанд.

Англия истиқлоли ин кишварро дар 31-уми декабри соли 1991  ба расмият шинохт ва дар 18-уми феврали соли 1992 байни ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шуд.