Феврал 28, 2019 13:45 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовини Бонки ҷаҳонӣ бо раисҷумҳури Узбакистон

Муовини Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ бо раисҷумҳури Узбакистон дар Тошканд дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар дидори Кирилл Мюллер бо Шавкат Мирзиёев дар Тошканд, тарафайн бар аҳаммияти пешбурди ҳамкориҳои амалӣ дар абъоде монанди тавсеаи ҳавзаи бонкӣ, пуштибонӣ аз корофаринӣ ва беҳбуди муҳити бозаргонӣ таъкид карданд.

Раисҷумҳури Узбакистон дар ин дидор аз алоқамандии Тошканд барои густариши ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ хабар дод ва гуфт: Дидорҳо ва гуфтугӯҳои муассир дар солҳои ахир мунҷар ба густариши беш аз пеш ҳамкории дуҷониба шудааст.