Март 01, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Нишони бартари намоишгоҳи Узбакистон ба Эрон

Нишони бартари созмонедҳӣ ва мушорикати намоишгоҳи "Узбилд Тошканд" ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ихтисос ёфт.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадризо Алавӣ мудири Намоишгоҳҳои хориҷии ширкати саҳҳомии намоишгоҳҳои Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иллати таомул ва мушорикат дар барпоии намоишгоҳи Тошканд, нишони бартарро дар байни 26 кишвари ҳозир дар ин намоишгоҳ дарёфт кард.

Бистумин намоишгоҳи байналмилалии саноати сохтумон, аз 27 феврал то 1 март, дар “Уз-экспо сентр”-и шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор шуд.

Дар ин намоишгоҳ 251 ширкат аз 26 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Эрон, Утриш, ҷумҳурии Озарбойҷон, Беларус, Олмон, Юнон, Дания, Испания, Италия, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Имороти муттаҳидаи арабӣ, Полша, Португалия, Русия, Амрико, Туркия, Украина, Швейтсария ва Узбакистон ширкат карданд.

 

Барчасп