Март 06, 2019 12:52 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани духтари Ислом Каримов

Духтари раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон ба иллати поймолсозии ҳукми ҳабси хонагиаш роҳии зиндон шуд.

Ба нақл аз ИСНО, бино бар эъломи додситонии Узбакистон, ҳукми зиндонӣ шудани "Гулнора Каримова" духтари раиси ҷумҳури пешини Узбкистон баъд аз он содир шуд, ки ӯ таъаҳудоти боздошти хонагии худро поймол кард.

Гулнора Каримова дар соли 2017 ба ҷурми ихтилос (пулшуӣ), аххозӣ ва фирор аз андоз ба панҷ сол ҳабси хонагӣ маҳкум шуд.

Макомоти Узбакистон ҳамчунин ба дунболи масдуд кардани дороиҳои Каримова дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла Швейтсария, Англия ва Фаронса ҳастанд.

Гулнора Каримова  духтари Ислом Каримов раиси ҷумҳурии собиқи Узбакистон аст, ки 27 сол то қабл аз маргаш дар соли 2016 ин кишварро идора мекард.

Барчасп