Март 07, 2019 14:09 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани духтари раисҷумҳури собиқи Узбакистон

Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон ба иллати нақзи ҳукми ҳабси хонагиаш, роҳии зиндон шуд.

Бинобар эъломи додситонии Узбакистон, ҳукми зиндонӣ шудани хонум Гулнора Каримова, духтари раисҷумҳури собиқи Узбакистон баъд аз он содир шуд, ки ӯ тааҳҳудоти боздошти хонагии худро нақз кард.

Духтари Гулнора Каримова гуфт, нерӯҳои додситонӣ бо ҳуҷум ба манзили онҳо, модарашро боздошт ва ба зиндон мунтақил кардаанд.

Интиқоли Гулнора Каримова аз ҳасри хонагӣ ба зиндон дар ҳоле аст, ки ҳафтаи гузашта фарзанди Гулнора Каримова аз вахомати ҳоли модараш дар ҳасри хонагӣ хабар дода ва ба расонаҳо эълом карда буд, вазъияти саломати модараш ба хатар афтода ва давлати Узбакистон иҷозаи ҳузури пизишк барои дармони модарашро надодааст.

Бо вуҷуди ин, додситони кулли Узбакистон дар вокуниш ба ин иддао, фарзанди Гулнора Каримоваро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам ва эълом кард, шароит барои мулоқоти Гулнора Каримова бо ҳар пизишке ки дархост кунад, муҳайё аст.

Бар асоси иттилои бархе манобеи огоҳ, Гулнора дар иқоматгоҳи давлатии Туркистон, дар Тошканд маҳсур аст, ки аз сӯйи Кумитаи амнияти миллӣ назорат шуда ва контроли муҳити перомуни он низ ба ӯҳдаи Вазорати умури дохилии Узбакистон аст.

Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон аз соли 2013 –и мелодӣ ба дастури падараш Ислом Каримов ба сабаби расвоиҳои молӣ, ахлоқӣ ва сӯиистифода аз қудрат дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Вазъияти вай дар ҳамон замони зинда будани падараш Ислом Каримов таъйин шуда буд ва даврони зимомдории Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар ин маврид таҷдиди назаре нашуда ва баид аст, ки назари вай дар ин иртибот тағйир кунад. Ба вижа, ки қарор доштани Гулнора дар ҳасри хонагӣ фурсати ворид кардани фишор бар писараш ва гурӯҳҳои муртабит бо вайро дар Ғарб фароҳам мекунад. Дар воқеъ, барои раисҷумҳури феълии Узбакистон зинда мондан ва дар инзиво қарор доштани Гулнора Каримова пазируфтанитар аст. Зеро ба ин тартиб, ба мурури замон аз ёдҳо фаромӯш хоҳад шуд.

Нуктаи қобили тааммул дар ин иртибот, овозаи кушта шудани Гулнора Каримова дар моҳи ноябри соли 2016 –и мелодӣ аст. Интишори ин шоеа нишон медиҳад, ки духтари раисҷумҳури собиқи Узбакистон ҳамчунон вазнае таъсиргузор дар арсаи сиёсии ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ногуфта намонад, ки нахустин бор хабари кушта шудани Гулнора Каримова дар рӯзи 5 –уми ноябри соли 2016 –и мелодӣ аз сӯйи хабаргузории “Сентр 1” мунташир шуд. Ин хабаргузорӣ аз моҳи сентябри соли 2016 –и мелодӣ фаъолияти худро ба унвони як расонаи мустақил ва вижаи ахбор ва таҳаввулоти Осиёи Марказӣ оғоз кардааст. Александр Князов, коршиноси сиёсии рус дар иртибот бо овозаи кушта шудани духтари раисҷумҳури собиқи Узбакистон гуфт: “Тайи муддатҳои тӯлонӣ, ҳаддиақал аз соли 2009 -и мелодӣ ба баъд, расонаҳои ғарбӣ ва мухолифони ӯзбаки муқими хориҷ талош карданд то аз симои Гулнора тасвири “қурбонии режим” -ро бисозанд ва аз ин тариқ бар раҳбари Узбакистон фишор ворид кунанд. Дар ниҳоят ин талошҳо боиси бурузи иттилооти зиддунақиз шуд. Зеро вай ҳаргиз натавонист нақши як шахсияти воқеиро дар фазои сиёсии ин кишвар ифо кунад”.

Бо вуҷуди ин, шакке нест, ки Гулнора Каримова дорои иртибототи қавӣ дар дохили давлати Узбакистон ва дар сатҳи байналмилалӣ аст.

 

Барчасп