Март 13, 2019 21:47 Asia/Dushanbe
  • Оғози чаҳордаҳумин намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии Узбакистон

Чаҳордаҳумин намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии Узбакистон бо ҳузури беш аз 150 ширкат аз 22 кишвари ҷаҳон дар Тошканд оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, чаҳордаҳумин намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии Узбакистон соате пеш бо ҳузури беш аз 150 ширкат аз 22 кишвари ҷаҳон, азҷумла Австрия, Озарбойҷон, Беларус, Белгия, Англия, Олмон, Дания, Италия, Испания, Канада, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Литва, Нидерланд, Полша, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Русия, Украина ва Фаронса оғоз ба кор кард.

Шуҳрат Тешаев, муовини аввали вазири кашоварзии Узбакистон дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ин намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ барои корофаринон фурсате мунҳасир ба фард аст то аз таҷрибиёти якдигар истифода кунанд ва бо фанновариҳои ҷадид, тавлид ва табдили фаровардаҳои кишоварзӣ ошно шаванд.

Тешаев гуфт, Узбакистон пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки беш аз 180 навъ фаровардаи кишоварзӣ тавлид мекунад, ки 20 дарсади он содир мешавад.

Ин намоишгоҳ шомили ғурфаҳои мурғдорӣ, домдорӣ, гармхона ва таҷҳизоти он, таҷҳизоти коргоҳҳои мурғдорӣ, нуриҳои маъданӣ, фанновариҳои кишоварзӣ, хӯроки дом ва домпизишкӣ, боғдорӣ, қатаоти мошинолоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ ва таҷҳизоти он аст.

Чаҳордаҳумин намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии Узбакистон то рӯзи ҷумъаи 15 март ба кори худ идома медиҳад.