Истеъфои Назарбоев
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i42572-Истеъфои_Назарбоев
Раисҷумҳури Қазоқистон имрӯз дар суханоне аз телевизиони давлатии ин кишвар эълом кард, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 19, 2019 17:37 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои Назарбоев

Раисҷумҳури Қазоқистон имрӯз дар суханоне аз телевизиони давлатии ин кишвар эълом кард, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад.

Ба гузориши расонаҳои Қазоқистон, Нурсултон Назарбоеви 79-сола, ки аз соли 1990 дар симмати раёсатҷумҳурии Қазоқистон фаъолият мекард, аз мардуми кишвараш барои интихоб ва эътимоде, ки дар ин солҳо ба ӯ доштаанд, ташаккур кардааст. Назарбоев гуфтааст, ки ин мардуми Қазоқистон буданд, ки бо эътимод ба вай заминаи раёсат бар ин ҷумҳуриро дар ин муддат фароҳам карда буданд.

Бо вуҷуди истеъфои Назарбоев аз раёсатҷумҳурӣ ӯ ҳамчунон ба унвони раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раиси Ҳизби  "Нур отан", ҳизби ҳоким дар ин кишвар боқӣ хоҳад монд. Бар асоси ислоҳияи ворида ба Қонуни Асосии Қазоқистон дар соли 2018, Назарбоев ба сурати модомулумр раиси Шӯрои амнияти ин кишвар аст.

Гуфта мешавад, то баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, раиси Маҷлиси сенати ин кишвар кафили раёсатҷумҳурӣ хоҳад буд.

Қаблан эълом шуда буд, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистон соли 2020 баргузор хоҳад шуд.