13 кушта дар сониҳаи суқути болгарди низомӣ дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i42736-13_кушта_дар_сониҳаи_суқути_болгарди_низомӣ_дар_Қазоқистон
Бар асари суқути як болгарди низомии Қазоқистон дар вилояти Қизилордаи ин кишвар ҳамаи 13 сарнишини он кушта шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 28, 2019 10:25 Asia/Dushanbe
  • 13 кушта дар сониҳаи суқути болгарди низомӣ дар Қазоқистон

Бар асари суқути як болгарди низомии Қазоқистон дар вилояти Қизилордаи ин кишвар ҳамаи 13 сарнишини он кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин сониҳа асри чаҳоршанбе (ба вақти маҳаллӣ) рӯй дод. Болгарди суқуткарда аз навъи Mil-8 будааст.

Иллати суқути ин болгард ҳанӯз мушаххас нест. Таҳқиқот дар ин замина идома дорад.