Апрел 04, 2019 12:36 Asia/Dushanbe
  • Осонсозии содироти коло аз Қазоқистон ба Эрон

Ба дунболи пешнависи қонуни муваққати барқарории минтақаи озоди тиҷорӣ миёни аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон, Теҳрон воридоти коло аз Қазоқистон ба кишварро осон кард.

Ба гузориши хабаргузории “Казинформ”, Серик Жумангарин, муовини вазири иқтисоди Қазоқистон гуфт, бар асоси тавофуқ Эрон аворизи гумрукии 864 коло, азҷумла колоҳои саноатӣ ва кишоварзиро коҳиш медиҳад.

Муовини вазири иқтисоди Қазоқистон ҳамчунин гуфт, тибқи барнома қарор аст аворизи гумрукии гӯшти гов ва гӯсфанд низ аз 26 дарсад ба панҷ дарсад коҳиш ёбад ва барои равғани наботӣ низ коҳиши 50 дарсадии боҷи гумрукӣ дар назар аст.

Жумангарин афзуд, дар соли 2018 мелодӣ арзиши табодулоти тиҷорӣ миёни Қазоқистон ва Эрон ба 516 миллион доллар расид, ки 426 миллион доллар аз саҳми ин табодулот мутааллиқ ба Қазоқистон ва 89 миллион доллари он марбут ба воридот аз Эрон будааст.

Қазоқистон яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки умдаи содироти он ба Эрон, шомили гӯшти гӯсфанду гов ва фӯлод аст.

 

Барчасп