Имкони муовизаи замин барои аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ҳукумати Қирғизистон бо интишори иттилоияе дар бораи музокироти ахири ҳайъати ин кишвар бо Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тавзеҳ дод.
Ба нақл аз Спутник, дар ин иттилоия таъкид шудааст, ки ин музокирот ба сарпарастии Азим Иброҳим ва Жонс Раззоқов муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон пушти дарҳои баста дар шаҳри Душанбе тайи рӯзҳои 4 то 6 апрели соли равон баргузор шуд.
Бар асоси тавофуқ, тарафҳо барои коҳиши таниш дар минтақаҳои марзии мавриди ихтилофи ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд сохти ду роҳи иртиботии нав, ки рустоҳои тоҷикнишин ва қирғизнишинро ба таври мустақим бо ноҳияҳои Исфара ва Ботканд муттасил мекунад барномарезӣ карданд.
Дар чорчуби ин барнома, муъовизаи баъзе аз минтақаҳо ба манзури сохти роҳҳои иртиботии мустақим миёни рустоҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар қаламрави ин ду кишвари ҳамсоя воқеъ шудаанд ва сокинони онҳо ба маркази ноҳияҳои Исфара ва Ботканд наметавонанд бидуни убур аз хоки яке аз ин ду ҷумҳурӣ сафар кунанд дар назар мебошад.
Ҳамчунин барои тасриъ дар аломатгузории марзи муштараки 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ шудааст, ки бар асоси нақшаҳои ҷуғрофиёии нав музокира шавад.
Дар паи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикиктсон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.
Бар асоси марзбандиҳои даврони Шуравӣ бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.
Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сузишворӣ, гандум ва орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз роҳи заминии Қирғизистон ворид мекунад ва ҳаллии ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳамияти ҳаётӣ дорад.