Апрел 15, 2019 14:55 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон дар феҳрасти 10 кишвари бартари гардишгарии зиёратӣ

Тибқи гузориши “Gmti Global Muslim Travel Index-2019”, Узбакистон дар байни 10 кишвари бартари гардишгарии зиёратӣ байни кишварҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, тибқи гузориши “GMTI”, Узбакистон дар байни 10 кишвари бартари гардишгарии зиёратӣ, байни кишварҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ қарор гирифт. Ин гузориш ҳар сол тавассути ширкати “Crescent rating Mastercard”-и Сингапур таҳия мешавад.

Гузориши (GMTI) авомиле монанди обуҳаво, амният, иқтисод, дин, зербинои ҳамлу нақл ва хадамот дар кишварҳоро дар назар дорад.

Илова бар Узбакистон кишварҳое монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Баҳрайн, Малайзия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қазоқистон ва Индонезия низ дар феҳрасти беҳтарин кишварҳо барои гардишгарии зиёратӣ қарор гирифтанд.

Бояд таъкид кард, ки қарор доштани Узбакистон дар ин раддабандӣ, натиҷаи ҳамкориҳои пурсамари Кумитаи давлатии тавсеаи гардишгарии Узбакистон ва Ожонси “Crescent Rating International” мебошад.

Гуфтанист, давлати Узбакистон барои ҷазби гардишгарони мусулмон аз кишварҳои минтақа иқдомоти мухталифе, аз ҷумла лағви раводид, таъсиси намозхона дар фурудгоҳҳо ва таблиғи гардишгарии мазҳабиро роҳандозӣ кардааст.

Бар асоси гузориши Кумитаи тавсеаи гардишгарии Узбакистон, дар соли гузаштаи милодӣ, 5 миллиону 300 ҳазор нафар гардишгар аз ҷумла 4 миллиону 600 ҳазор нафар аз Осиёи Марказӣ, 406 ҳазор нафар шаҳрвандони дигар аз кишварҳои Ҳамсуд ва ҳудуди 326 ҳазор нафар гардишгар аз кишварҳои хориҷӣ аз ин кишвар боздид карданд.