Сел дар Туркманистон + видео
(last modified Mon, 15 Apr 2019 12:52:28 GMT )
Апрел 15, 2019 17:52 Asia/Dushanbe

Сел хиёбонҳои шаҳрҳои бузурги Туркманистонро фаро гирифта ва бархе зерсохтҳои шаҳрӣ, хонаҳо ва сохтмонҳои давлатиро тахриб кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар пайи вуқӯи сел дар Туркманистон, шаҳрдориҳо дар манотиқи мухталифи ин кишвар маҷбур ба анҷоми фаъолияти шабонарӯзӣ шудаанд.

Бар асоси иттилооти расонаҳои маҳаллӣ, ҳаракати қатор байни Ишқобод ва манотиқи шимолии ин кишвар низ мутаваққиф шудааст.

Дар пайи ҷорӣ шудани сел шуморе аз хонаҳо тахриб шуда, об бархе марокизи тиҷории хиёбонҳои марказии Ишқободро фаро гирифта ва ҳаракати мошинҳо бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Гузоришҳо ҳамчунин аз сели шадид дар шаҳри Туркманбоши, вилояти Балкани Туркманистон ҳикоят дорад.

Ба гуфтаи коршиносони ҳавошиносӣ, боронҳои шадид то охири ин моҳ идома хоҳад дошт.

Сел дар ҳоле манотиқи мухталифи Туркманистонро фаро гирифтааст, ки дар пойгоҳҳои иттилоотии давлат ҳеҷ паёме дар бораи сел мунташир нашудааст ва ахбори марбут ба ин ҳодиса дар расонаҳои мустақил мунташир мешавад.