Сентябр 17, 2016 16:45 Asia/Dushanbe
  • Феҳристи номзадҳои риёсатҷумҳурии Узбакистон ниҳоӣ шуд

Рӯйхати ниҳоии номзадҳои интихоботи риёсатҷумҳурӣ дар Узбакистон, бо эъломи асомии номзадҳои 2 ҳизби дигари ин кишвар, яъне ҳизбҳои сосиал-демократии "Адолат" ва "Халқ демократи" такмил шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бо муаррифии Наримон Умаров аз Ҳизби сотсиал демократи "Адолат" ва Ҳотамҷон Китмонов" аз сӯи Ҳизби демократи халқи Узбакистон, феҳристи номзадҳои интихобот дар ин кишвар ниҳоӣ шуд.

Аъзои шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" имрӯз, Наримон Умаров-раиси ин ҳизбро ба унвони номзади интихоботи риёсатҷумҳурии Узбакистон муаррифӣ карданд.

Аъзои Ҳизби демократи-халқи Узбакистон низ дар ҷаласаи имрӯзи худ., Ҳотамҷон Китмонов-раиси ин ҳизбро ба унвони номзади худ дар интихоботи ояндаи риёсатҷумҳурии ин кишвар интихоб намуданд.

Рӯзи гузашта низ аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизб либерал-демократи Узбакистон, Шавкат Мирзёев- кафили феълии риёсатҷумҳурии ин кишварро ба унвони номзад дар интихоботи риёсатҷумҳури муаррифӣ карданд.

Ҳамчунин Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон эълон кард, Ҳизби Эҳёи миллӣ номзадии Сарвар Отамуродовро барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод кардааст.

Бар асоси Қонуни ҷории интихоботи Узбакистон, фақат аҳзоби сиёсии ин кишвар аз ҳаққи пешниҳоди номзадҳо барои риёсатҷумҳурӣ бархӯрдор ҳастанд, ки метавонанд номзадро аз таркиби аъзои ҳизби худ ва ё ҳизби дигаре муаррифӣ кунанд.

Дар Узбакистон 4 ҳизби сиёсӣ аз ҷумла Ҳизби либерал-демократи Узбакистон, Ҳизби демократи Узбакистон " Миллий тикланиш ", Ҳизби демократи халқи Узбакистон ва Ҳизби сотсиал-демократи "Адолат" фаъолият мекунанд.

Интихоботи риёсатҷумҳурии Узбакистон рӯзи якшанбе 4 декабр баргузор хоҳад шуд.