Май 06, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати раҳбари ДИИШ дар Осиёи Марказӣ

Муфтӣ Узбак, ки масъули фаъолияти террористҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон буд ва дар барномарезӣ ва созмондеҳии ҳамалоти террористӣ дар Осиёи Марказӣ ширкат дошт, ба дасти нерӯуҳои вижаи афғон кушта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, ин табааи Узбакистон, ки гурӯҳи ДИИШ –ро дар шимоли Афғонистон ва Осиёи Марказӣ созмондеҳӣ мекард, дар амалиёти нерӯҳои вижаи полиси миллии Афғонистон, дар наздикии Даҳонаи Қурӣ кушта шуд.

Дар ин амалиёт ҳамчунин се террористи дигар, ки бахше аз воҳидҳои нерӯҳои ДИИШ дар Афғонистон буданд, ба ҳалокат расиданд.

Фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар марзҳои шимолии Афғонистон муҷиби нигаронии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.

Сергей Шайгу, вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкек гуфта буд, ки Вазорати дифои Русия омодагӣ дорад пойгоҳҳои низомии худро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди террористҳо тақвият кунад.