Сентябр 18, 2016 14:19 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи фурудгоҳи вижаи транзити байналамилалии Туркманистон

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дувумин фурудгоҳи Ашқободро бо номи Фурудгоҳи транзити байналамилалии Ашқобод ифтитоҳ кард.

Барои сохтмони ин фурудгоҳ беш аз 2 миллиард доллар аз тариқи сармоягузории як ширкати туркӣ сарф шудааст.

Раисҷумҳури Туркманистон ибрози умедворӣ кардааст, ки ин фурудгоҳи вижаи транзити мусофирони байналамилалӣ метавонад бо ҷо ба ҷо кардани мусофирони ҷаҳон Туркманистонро ба қутби транзитии минтақа табдил кунад. Ӯ гуфтааст, фурудгоҳи транзитии Ашқобод бо пешрафтатарин таҷҳизот бо зарфияти интиқол 1600 мусофир дар соат қодир аст, ба ҳама навъи ҳавопаймои мусофирӣ ва борӣ дар хидмати мусофирон бошад.

Ин фурудгоҳи транзитӣ шабеҳ ба як парандаи ғулпайкар, намоди ҳавопаймоии Туркманистон аст, ки дар панҷ табақа тарроҳӣ шуда, қарор аст, солона 17 миллион мусофир ва беш аз 200 ҳазор тонна бори тиҷорию мусофириро ҷо ба ҷо кунад.