Май 21, 2019 15:41 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи дарозмуддати ДИИШ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, гурӯҳи террористии ДИИШ барои нуфуз ва эҷоди ноамнӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, дар ҳоли интиқол ба Афғонистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси ҳамкории байналмилалӣ ва минтақаии мубориза бо терроризм дар шаҳри Душанбе ҳамчунин гуфт, иқдомоти гурӯҳҳои террористӣ таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки бо вуҷуди вобастагии шумори зиёде аз мақомҳои баландпояи тоҷик ба ҷараёнҳои террористие назири ДИИШ, мақомҳои давлати Душанбе ба воқеиятҳои зуҳур ва нуфузи ин гурӯҳи террористӣ ишрофи комил доранд.

Шакке нест, ки Амрико бо идомаи ҳимоят аз ин гурӯҳҳои террористӣ, талош мекунад аз ниманизомиёни ДИИШ алайҳи кишварҳои мустақили минтақа, бавижа Эрон ва Русия баҳрабардорӣ ба амал оварад. Дар ин миён, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ зимни қарор гирифтан дар буҳрони интиқоли террористҳо ва хисоратҳои иборат аз ин интиқол, барои давлатҳои султагари ғарбӣ нақши воситаро ифо хоҳанд кард.

Пеш аз ин мақомҳои давлати Русия ва шуморе аз намояндагони маҷлиси Афғонистон ва коршиносони сиёсии афғон Амрикоро ба ҳимоят аз гурӯҳи террористии ДИИШ ва интиқоли аъзои ин гурӯҳи террористӣ ба Афғонистон муттаҳам карда буданд.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, ин нахустин бор нест, ки сиёсатмадорони афғон ҳимояти Амрико аз гурӯҳи террористии ДИИШ -ро ифшо мекунанд ва мавзӯи интиқоли онҳо ба Афғонистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд. Ба унвони мисол, Зоҳир Қадир, намояндаи мардуми Нангарҳор дар порлумони Афғонистон зимни ифшои тамоюли Амрико ба ДИИШ гуфта буд: “Дар даргирии Толибон ва ДИИШ дар минтақаи Масҷиди Сафеди ин вилоят шумори зиёде аз террористҳои ДИИШ дар муҳосираи Толибон буданд, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ ва нерӯҳои вижаи онҳо Толибонро ҳадаф қарор дода ва нерӯҳои вобаста ба ДИИШ -ро аз муҳосира наҷот доданд”.

Ҷовид Кӯҳистонӣ, генерали бознишаста ва коршиноси низомии Афғонистон низ зимни таъкид бар ҳимояти Амрико аз ДИИШ гуфтааст, аъзои ин гурӯҳи террористӣ ба кумаки аъроб аз тариқи бандари Карочӣ дар Покистон ба Афғонистон мунтақил мешаванд.

Ваҳид Мужда, коршиноси масоили сиёсии афғон низ бо ишора ба изҳороти бисёре аз аъзои маҷлис ва шаҳрвандони афғоничтонӣ дар хусуси ҳимояти болгардҳои ношинос аз аъзои ДИИШ, дар мусоҳиба бо хабаргузории “Тасним” гуфта буд: “Ҳадафи ҳимоят аз терроризм дар Афғонистон эҷоди таҳдид барои кишварҳои минтақа, Эрон, Русия ва Чин аст. Кишварҳое ки равобити хубе бо Амрико надоранд”.

Воқеият он аст, ки зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ ва тақвияти ин ҷараён дар Афғонистон, бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, барги ҷадиди бозии давлатҳои ғарбӣ, бавижа Амрико дар ин кишвар маҳсуб мешавад. Хариди замон бо ҳадафи ҳузури баландмуддати ғарбиҳо барои пиёдасозии тарҳҳои ҷадид дар минтақа, аз дигар аҳдофи ҳимояти Ғарб аз ДИИШ дар Афғонистон қаламдод мешавад.

Дар канори ин аҳдофи ғайриусулии Ғарб, кумаки Амрико ба кӯчи гурӯҳи террористии ДИИШ аз Ироқ ва Сурия ба макони зиндагии ҷадиде монанди Афғонистон аст. Дар айни ҳол Амрико ҳамаи саъйи худро ба кор гирифтааст то дар сурати лузум ва зарурат, имкони интиқоли ин ҷараёни террористӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш фароҳам шавад.

Шакке нест, ки давлатмардони Амрико ва ҳомиёни ғарбиаш талош мекунанд то бо судури терроризм аз марзҳои шимоли Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои ҳамҷавор онро ноамн созад.

 

Барчасп