Май 21, 2019 17:11 Asia/Dushanbe
  • Оғози маъмурияти ИДМ барои назорат бар интихоботи Қазоқистон

Муовини аввали дабири Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлаҳои Муштаракуламнофеъ аз оғози маъмурияти ин иттиҳод барои назорат бар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Виктор Гуминский дар нишасти хабарии Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон эълом кард, маъмурияти 300 нозири ҷомеаи ҳамсуд барои ҳузур дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистон аз рӯзи душанбе ба раёсати Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ин иттиҳод оғоз шуд. Муовини аввали дабири Кумитаи иҷроияи ИДМ афзуд, то кунун фақат аз чаҳор кишвар, Тоҷикистон, Русия, Беларус ва Туркманистон барои ҳузур дар раванди интихоботи Қазоқистон дархости расмии сабти номи нозир дарёфт шудааст.

Интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон қарор аст, нуҳуми июни соли 2019 баргузор шавад.