Май 23, 2019 11:48 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон тарафи қирғизиро ба нақзи ҳарими марз муттаҳам кард

Дафтар матбуотии раёсати ноҳияи Исфара, тарафи Қирғизистонро ба нақзи ҳарими марзу вуруди ғайримуҷози беш аз 200 сокини ноҳияи Ботканд ба дохили қаламрави Тоҷикистон муттаҳам кард.

Ба нақл аз хабаргузории Спутинк, гуфта мешавад, ки ин теъдод сокинони ноҳияи Ботканди Қирғизистон бо ҳимояти неруҳои марбозии ин кишвар вориди минтақаи Лакони ноҳияи Исфара шудаанд, ки қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Неруи марзбонии Тоҷикистон барои берун рондани ин ашхос ба тирпаронии ҳавоӣ иқдом карда, ки муҷиби хуруҷи шаҳрвандони Қирғизистон аз минтақаи мавриди муноқишаи ин ду кишвар дар марзи ноҳияҳои Исфара ва Ботканд шудааст.

Дар баёнияи Дафтар матбуотии раёсати ноҳияи Исфара таъкид шудааст сокинони ноҳияи Ботканди Қирғизистон дар минтақаҳое, ки ҳануз аломатгузорӣ нашуда ва марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя аст, ба таври ғайриқонунӣ ва худсарона ба сохти манзилҳои маскунӣ, роҳҳои иртиботӣ ва таъсисоти зербиноӣ иқдом мекунанд, ки муҷиби бурузи муноқишот ва даргирӣ мешавад.

Бо ин ҳол хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон бо интишори баёнияе муддаъӣ шудааст сокинони ноҳияи Исфара аз вуруди шаҳрвандони қирғизӣ, ки барои хоксупории ҷасади яке аз сокинони ноҳияи Ботканд дар гуристони мутаъаллиқ ба қирғизҳо иқдом карда буданд. пешгирӣ карданд.

Аммо дар ин баёния мушаххас нест, ки минтақаи мавриди иддаои ду кишвар мутаъаллиқ ба Тоҷикистон аст ё Қирғизистон.

Дар паи ду даҳа музокирот, мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст. Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин заминааст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шуравӣ бархе аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва теъдоде рустоҳои ин ду кишвар дар дохили ҷумҳурии дигар воқеъ шудаанд, ки акнун ба маншаи ихтилофоти мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сухт, гандум ва орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз роҳи заминии Қирғизистон ворид мекунад ва ҳалли ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳамити хоссе дорад.