Май 26, 2019 11:29 Asia/Dushanbe
  • Посухи Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба Тоҷикистон

Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо интишори баёнияе, тавзеҳи марзбонони тоҷик дар бораи таниши ахир дар марзи муштараки ин ду кишварро ғайри воқеъӣ унвон кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин баёния таъкид шудааст, ки иддаои неруи марзбонии Тоҷикистон дар бораи муттаҳам кардани сокинони рустоҳои Қирғизистон ба тарҳи дархости беасос, ки метавонад вазъиятро ноором кунад ғайривоқеъӣ аст.

Қаблан неруи марзбонии Тоҷикистон дар мавриди таниши ахир миёни сокинони ноҳияҳои Ботканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон тарафи қирғизиро ба поймолсозии ҳарими марз ва вуруди ғайримуҷози беш аз 200 сокини ноҳияи Ботканд ба дохили қаламрави Тоҷикистон муттаҳам кард.

Гуфта мешавад, ки ин теъдод сокинони ноҳияи Ботканди Қирғизистон бо ҳимояти неруҳои марзбонии ин кишвар вориди минтақаи Лакони ноҳияи Исфара шудаанд, ки қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва неруи марзбонии Тоҷикистон барои берун рондани ин ашхос ба тирпаронии ҳавоӣ иқдом карда, ки муҷиби хуруҷи шаҳрвандони Қирғизистон аз минтақаи мавриди муноқишаи ин ду кишвар шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон муддаъӣ аст, ки қирғизҳо қасди тасарруфи замине ба масоҳати 4 гегтарро доштаанд, ки ба онон таъаллуқ надорад.

Аммо тарафи Қирғизистон муддаӣ аст, ки сокинони ду рустои марзии қирғизӣ қасди вуруд ба гуристонеро доштаанд, ки аз қадим маҳалли дафни наздикони онон будааст.

Дар паи ду даҳ солаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин заминааст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шуравӣ бархе аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва теъдоде рустоҳои ин ду кишвар дар дохили ҷумҳурии дигар воқеъ шудаанд, ки акнун ба маншаъи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.