Қазоқистон: Раиси Шӯрои Бонки Рушди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Нахуствазири Қазоқистон, раиси Шӯрои Бонки Рушди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Шӯрои Бонки тавсеаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар нишасти ахири худ дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон, Аскар Мамин, нахуствазири ин кишварро ба унвони раиси шӯрои ин бонк интихоб кард.
Дар ин нишаст, ки ба раёсати нахуствазири Қазоқистон ва бо ҳузури муовини аввали нахуствазир ва вазири дороии Русия, муовини аввали нахуствазир ва вазири дороии Қазоқистон,муовини нахуствазири Арманистон, вазирони дороии Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд, натоиҷи фаъолияти бонки мазкур дар соли 2018, масоили марбут ба иҷрои тарҳҳои ҳамгароии мутамаркиз бар иртибототи тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фаъолитҳои сармоягузорӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё маврид баррасӣ қарор гирифт.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.