Июн 03, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
  • Ироаи тарҳи  Дарёфти иҷозатномаи  кор барои муҳоҷирони хориҷӣ ба парлумони Қирғизистон

Яке аз намояндагони парлумони Қирғизистон тарҳеро ироа кардааст,ки бар асоси он, тамоми атбоъи хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар аз ҷумла тоҷикон бояд барои фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ иҷозатномаи расмии кор дарёфт кунанд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Исҳоқ Пирматов муътақид аст,ки ин иқдом заминаи қонуни шудани фаъолияти атбоъи Узбакистон, Тоҷикистон дар Қирғизистон ро фароҳам месозад.

Вай таъкид кардааст,ки дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёде аз атбоъи Узбакистон ва Тоҷикистон дар бахши кишоварзии Қирғизистон бедоштани иҷозатномаи кор фаъолият мекунанд,ки бояд ин раванд танзим шавад.

Аз дидгоҳи ин намояндаи парлумони Қирғизистон,дар сурати тасвиби тарҳи ироа шуда дар маҷлиси намояндагони ин кишвар заминаи мубориза бо фасод ва ришвахории маъмуроне,ки дар баробари дарёфти маблағе ба атбоъи хориҷӣ муҷавизи кор медиҳанд, тақвият мешавад ва аз ҳисоби фуруши иҷозатномаи кор ба коргарони узбак ва тоҷик ба буҷаи давлат низ дар сол 8 миллион доллар даромад вориз хоҳад шуд.

Исҳоқ Пирматов муддаъӣ аст,ки дар қаламрави Қирғизистон наздик ба 100 ҳазор коргари муҳоҷир аз кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Узбакистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунанд,ки бояд ҳузури ин афрод дар бозори кори Қирғизистон қонунӣ шавад.

Ба гуфтаи масулони Созмонҳои коргарони тоҷикистонӣ дар Қирғизистон, бештари коргарони муҳоҷири тоҷик дар бахши тиҷорат фаъолият мекунанд.