Қазоқҳо фардо пойи сандуқҳои раъй мераванд
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон фардо, якшанбе бо рақобати ҳафт номзад баргузор хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон фардо, якшанбе, 9 –уми июн, соати 7 –и субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз хоҳад шуд ва тибқи барнома дар соати 8 –и шаб ба поён хоҳад расид.
Бар асоси ин гузориш, Амирҷон Косанов, Толеутай Раҳимбеков, Садибек Тугел, Жамбил Аҳмадбеков, Амонгелди Таспихов, Қосим Жомарт Токаев ва Дания Еспаева 7 номзад интихобот раёсати ҷумҳурии Қазоқистон ҳастанд.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар 20 –уми марти соли 2019 ба сурати ғайримунтазира аз симати худ канорагирӣ кард.
Аз он замон то кунун Қосим Жомарт Токаев, раисҷумҳури муваққат идораи ин кишварро бар ӯҳда дорад.