Оғози интихоботи раёсат ҷумҳурии Қазоқистон
Июн 09, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
Интихоботи раёсат ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳузури 7 номзад аз ҳизбҳои мухталиф дар ин кишвар оғоз шуд.
Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Форс, интихоботи раёсат ҷумҳурии Қазоқистон аз соати 7 субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст ва то соати 8 шаб идома хоҳад дошт. 11 миллион нафар воҷиди шароити ширкат дар ин интихобот ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш 1013 нозири байналмиллалӣ аз 41 кишвар ва 9 ниҳоди байналмиллалии корти назорат бар интихоботи Қазоқистонро бар уҳда хоҳанд дошт.