Июн 11, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҷузъиёти сафари раиси ҷумҳури Чин ба Қирғизистон ва Тоҷикистон

Сухангӯи умури хориҷаи Чин ҷузъиёти сафари расмии раиси ҷумҳури ин кишвар ба кишварҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро ташреҳ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, сухангӯи умури хориҷаи Чин бо ишора ба сафарҳои расмии Ши Ҷин Пинг раиси ҷумҳури ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, дар ин сафар барномаи нави ҳамкории Чин бо Қирғизистон ва Тоҷикистон дар қолиби прожаи "Як ҷодда, як камарбанд" муъаррифӣ мешавад ва тавсеаи равобити депломатики Пекин бо Бишкек ва Душанбе дар дастури кор қарор дорад.

Вай гуфт, Ши Ҷин Пинг дар ҷаласаи мушовираи таомул ва эътимодсозӣ дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе ва нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек ҳузур хоҳад дошт ва дар қолиби он музокироти дуҷонибае бо мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.

Сухангӯи умури хориҷаи Чин тасреҳ кард, ҳамчунин дар чорчуби ин сафар дидорҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ анҷом мешавад ва дар натиҷаи онҳо даҳҳо тавофуқномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Вай хотирнишон кард, сафари раиси ҷумҳури Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсеаи мушорикати кишварҳои минтақа дар чорчуби Созмони ҳамкории Шанхай ва таомул ва эътимодсозӣ дар минтақаро бештар хоҳад кард.

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек  рӯзҳои 13 ва 14 июн бо ҳузури раисони ҷумҳури 12 кишвари узв ва нозир шомили Русия, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Ҳинд, Покистон, Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон баргузор мешавад.

Душанбе пойтахти Тоҷикистон низ рӯзҳои 14-16 июн мизбони нишасти машваратии таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё аст.