Июн 22, 2019 19:23 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба ҳукми парлумони ин кишвар зидди вай

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба ташкили парвандаҳои қазоӣ алайҳи худ ва ҳукми парлумони ин кишвар дар бораи ҳазфи масунияти сиёсиаш ба шиддат эътироз кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Алмосбек Отамбоев рӯзи шанбе дар иттилоияи расмӣ эълом кард, иттиҳомоти парлумони Қирғизистон зидди ӯ бо истинод ба овозаҳои мухталиф ва талошҳои Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури феълӣ барои мубориза бо руқабои сиёсӣ анҷом гирифтааст.

Отамбоев дар ин иттилоия бо ибрози пушаймонӣ аз ҳимоятҳояш аз Сооронбой Жеенбеков ва бародаронаш афзуд: “мутаассифона, имрӯз намояндагони парлумон барои гирифтани имтиёз аз раисҷумҳури кунунӣ барои зарба задан ба раисҷумҳури собиқ талош мекунанд".

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон гуфт, ҳар иқдоме, ки дар даврони раёсати ҷумҳуриаш анҷом додааст, фақат дар чорчӯби манофеи мардуми Қирғизистон будааст.

Чанде пеш намояндагони парлумони Қирғизистон ҳукми ташкили парвандаҳои қазоӣ барои Отамбоев ва ҳазфи масунияти сиёсии вайро ба иттиҳоми фасод дар тарҳи навсозии нерӯгоҳи ҳароратии Бишкек, навсозии музеи миллии Қирғизистон, озодсозии Азиз Ботукаев, раиси яке аз гурӯҳҳои ҷиноӣ, фурӯши ангиштсанг ба нерӯгоҳи ҳароратии Бишкек ва заминхорӣ дар вилояти Исиккӯл тасвиб карданд.

Додситони кулли ҷумҳурии Қирғизистон бояд то чанд рӯзи дигар нақши Отамбоевро дар иттиҳомҳои эъломшуда исбот кунад.