Июн 24, 2019 17:11 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори анбори муҳиммоти артиш дар Қазоқистон

Кумитаи вазъияти изтирории Қазоқистон бо интишори баёнияе аз вуқӯи инфиҷор дар яке аз анборҳои муҳиммоти артиши ин кишвар дар наздикии шаҳри Ариси иёлати Туркистон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, тибқи баёнияи ин кумита, ин инфиҷор соати 9 –и субҳи имрӯз, 24 –уми июн (3 тир) рух дода ва ба гуфтаи шоҳидон, вуқӯи инфиҷор пас аз оташсӯзӣ дар ин анбори муҳиммот иттифоқ афтодааст. Нерӯҳои оташнишонии Қазоқистон билофосила ба маҳалли вуқӯи инфиҷор фиристода шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, кумитае барои интиқоли сокинони ин минтақа ба маҳалле амн ташкил ва интиқоли онҳо низ оғоз шудааст.

Ин ҳодиса то кунун талафоти ҷонӣ надошта, аммо тақрибан ниме аз муҳиммоти мавҷуд дар ин анбор мунфаҷир шудааст.

Шоҳидони айнии ин ҳодиса видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карданд, ки нишон медиҳад, пас аз садои инфиҷори дуди ғализе дар ҳаво пахш шуда ва дастикам се бор садои инфиҷор шунида шудааст.

Таҳқиқот дар бораи иллати ин ҳодиса оғоз шудааст.

Дар айни ҳол муовини Вазорати дифои Қазоқистон дар баёнияе эълом кард, ки мумкин аст иллати ин инфиҷор силоҳҳои баҷомонда аз даврони ҳукумати Шӯравӣ буда бошад.

 

Барчасп