Июл 06, 2019 17:13 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди бозори муштараки барқ дар Осиёи Марказӣ

Кишварҳои Осиёи Марказӣ баёнияи муштаракеро дар бораи ҳамкориҳои минтақаӣ барои ислоҳоти энержӣ ва эҷоди бозори муштараки барқ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин санад дар чорчӯби дувумин нишасти Осиёи Марказӣ дар заминаи ислоҳоти энержӣ дар Истамбул ба имзо расид.

Шерзод Хоҷаев, муовини вазири энержии Узбакистон пештар дар мавриди барномаи тавсеаи бозори муштараки энержӣ дар Осиёи Марказӣ гузоришҳоеро ироа карда буд.

Ба гуфтаи вай, Узбакистон барномарезӣ кардааст то барои тавсеаи ҳамгароӣ дар минтақа теъдоди хутути интиқоли барқро густариш диҳад.

Илова бар ин, Тошканд дар ояндаи наздик бурси байналмилалии умдаи фурӯши энержиро эҷод хоҳад кард.

 

Барчасп