Сентябр 21, 2016 12:20 Asia/Dushanbe
  • Атамбаев дар бемористоне дар Туркия бистарӣ аст
    Атамбаев дар бемористоне дар Туркия бистарӣ аст

Раисҷумҳури Қирғизистон дар сафар ба Ню-Йорк бадалели оризаи қалбӣ дар бемористоне дар Туркия бистарӣ шуд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, дафтари иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Қирғизистон аз бистарӣ шудани Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури ин кишвар дар Туркия хабар дод.

Раисҷумҳури Қирғизистон дар раъси ҳайъате аз мақомоти ин кишвар барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид озими Амрико буд, ки дар Туркия дучори оризаи қалбӣ шуд ва ба бемористон интиқол ёфт .

Дар баёнияи расмии дафтари раисҷумҳурии Қирғизистон омадааст: Пизишкони мутахассис дар Туркия пас аз муоинаи пизишкӣ эълом кардаанд, ки Атамбаев бадалели мушкилоти қалбӣ қодир ба тарки бемористон нест.

Пас аз ин ҳодиса Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон сарпарастии ҳайъати қирғизиро дар сафар ба Амрико бар уҳда гирифт .