Қирғизистон беҳтарин намуна барои таъомул бо афроди бетобеъият
(last modified Mon, 08 Jul 2019 08:34:18 GMT )
Июл 08, 2019 13:34 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон беҳтарин намуна барои таъомул бо афроди  бетобеъият

Филипа Грандӣ Камисари олии дафтари умури паноҳҷуёни Созмони Миллал, Қирғизистонро ба унвони беҳтарин кишвари ҷаҳон барои таъомул бо афроди бетобеъият эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Камисари олии умури паноҳҷуёни Созмони Миллал ба давлати Қирғизистон табрик гуфт ва изҳор дошт; ин кишвар метавонад барои дигао кишварҳои ҷаҳон намунаи брати хубе бошад.

Бар асоси ин гузориш 5 соли гузашта дар Қирғизистон беш аз 13 ҳазор фард бетобеъият  зиндагӣ кардаанд ва ба тамоми онҳ гузарномаи ин кишвар дода шудаааст.

Шоёни зикр аст,ки дар чорчуби маросими расмӣ 50 нафари боқимонда аз афроди бетобеъият аз ҷумла 15 кудак гузарномаҳои Қирғизистониро дарёфт кардаанд.

Пас аз фурӯпошии Шуравии собиқ ҳазорон нафар дар Осиёи Марказӣ бетобеъият боқи монданд ва дар чорчуби барномаи «IBelong», ки дар соли 2014 тавассути давлати Қирғиз оғоз шуд 13 ҳазор ва 700 нафар аз ҷумла 2 ҳазор кудак гузарномаҳои қирғизистонӣ гирифтанд.

Ҳазфи комили мавзуъи фиқдони тобеъият дар ҷаҳон то соли 2024 ҳадафи аслии барномаи мазкур мебошад.

Дар саро сари ҷаҳон ҳудуди 10 миллион нафар аз ҷумла 500 ҳазор нафар дар кишварҳои аврупоӣ бетобеъият ба сар мебаранд ва абзорҳои лозим барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ва дастрасӣ ба хадамоти мухталифро надоранд.

Ҳамчунин кудакони бегузарнома шароити лозим барои хондани дарс ва муолиҷа дар бемористонҳоро надоран.