Июл 08, 2019 14:57 Asia/Dushanbe
  • Имзои санадҳои ҳамкори байни Қирғизистон ва  иттиҳодияи Аврупо

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон ва масули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо тавофуқномаи ҳамкории старатегӣ байни тарафайн имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Чингиз Идибеков Вазири умури хориҷаи Қирғизистон рӯзи якшанбе дар дидори Федерико Могиринӣ дар Бишкек гуфт; ин тавофуқномаи нав заминаи ҳуқуқӣ барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам меоварад ва шароит барои тавсиъаи робитаҳо дар бахшҳои идорӣ аҳамият барои ҳар ду тарафро муҳаё мекунад.

Чингиз Идибеков афзуд; ин тавофуқнома ба таъмиқ ва тақвияти ҳамкори байни Қирғизистон ва Аврупо аз ҷумла дар бахши иқтисод,ҳуқуқӣ, тавсиъаи иҷтимоӣ, омӯзиш шуғл ва ғайра таваҷуҳи вижа дорад ва барои Иттиҳодияи Аврупо шароити лозим барои сармоягузорӣ ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам мекунад.

 Понздаҳумин давраи нишасти Вазирони умури хориҷаи Осиёи Марказӣ ва масули сиёсати хориҷаи Аврупо дирӯз якшанбе дар Бишкек пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.Табодули назар дар бораи стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ мавзуъи аслии ин нишаст буд.