Ҷашни солрӯзи милоди ҳазрати имом Ризо (а) дар Марви Туркманистон
(last modified Sun, 14 Jul 2019 05:43:26 GMT )
Июл 14, 2019 10:43 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни солрӯзи милоди ҳазрати  имом Ризо (а) дар Марви Туркманистон

Ҷашни солрӯзи милоди ҳазрати имом Ризо (а) дар Марви Туркманистон , ки қадамгоҳи он ҳазрат аст баргузор шуд.

Ба нақл аз ИРНО, дар ин оини мазҳабӣ, ки бо ҳамроҳии коравоне аз фаолони фарҳангӣ ва масъулони умури консулӣ ва марзии Хуросони разавӣ баргузор шуд намояндаи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, шаҳри Марв ду сол мизбони имом Ризо (а) буд ва пас аз қарнҳо акнун шоҳиди ҳузури дустдорони аҳли байт (а) дар қадамгоҳи он имоми рауф ҳастем.

Ғуломаббос Арбобхолис бо баёни ин ки маросими солрӯзи милоди ҳазрати  имом Ризо (а) имрӯз дар шаҳри Марви қадим низ баргузор мешавад ибрози умедворӣ кард, ин маросим дар солҳои баъд низ идома ёбад ва муҷиби зинда шудани ҳузури аҳли байт (а) дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ шавад.

Вай афзуд, солона беш аз ҳазору 500 нафар аз атбои туркманистонӣ дар маросими валодати он ҳазрат дар Марв ширкат мекунанд.

Шаҳри Марв, ки имрӯза бо 260 ҳазор нафар ҷамъият дуввумин шаҳри пурҷамъияти Туркманистон пас аз Ишқобод ба ҳисоб  меояд дар солҳои 190 то 202 ҳиҷрӣ/ 805 то 817 милодӣ маҳалли истиқрори кохи бошукуҳи Маъмун халифаи Аббосӣ буд, ки баъдҳо ин кох ба хароба табдил шуд.

 Қадамгоҳи ҳазрати Ризо (а) дар Марв

Дар он рӯзгор Маъмуни Аббосӣ пас аз фарохондани имом Ризо (а) ба Марв ишонро ба муддати ду сол дар бахше аз ин ташкилот сукунат дод, ки ин маҳал дар гузари давронҳои мухталиф дар байни мардум ба қадамгоҳ маъруф шуда ва дар байни мардуми Туркманистон ва Эрон аз эҳтироми хоссе бархурдор аст.

Дар соли 2008 Қурбонуқлӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури Туркманистон дар паёме ба аввалин ҳамоиши байналмилалии имом Ризо (а) аз ҷойгоҳи баланди он ҳазрат ба унвони олими маъруфи машриқзамин, ки бар афкор ва андешаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва илмии шарқ таъсири басазое дошта ва дини исломро ба хубӣ таблиғ кардааст ситоиш кард.

Дар бахше аз ин паём таъкид шуда буд, ки номи имом Ризо (а) дар байни туркманҳо аз ҷойгоҳи шоистае бархурдор аст ва олимон ва шахсиятҳои номӣ ва соҳибкаромат монанди Миҳнибобо, Маҳмуди Замахшарӣ, Наҷмуддини Кабирӣ, Сулаймон Боқирғонӣ ва дигарон аз ҳикмати имом Ризо (а) илҳом гирифтаанд ва падарамон, Махтумқулӣ, ки ифтихори миллии мост низ дар ашъори хеш паёпай аз ишон ном бурда ва дар муқобили каромати вай сари таъзим фуруд овардааст.

 Қадамгоҳи ҳазрати Ризо (а) дар Марв
 Қадамгоҳи ҳазрати Ризо (а) дар Марв