Ахбори зид ва нақиз аз даргузашти раиси ҷумҳурии Туркманистон
(last modified Mon, 22 Jul 2019 06:35:08 GMT )
Июл 22, 2019 11:35 Asia/Dushanbe
  • Ахбори зид ва нақиз аз даргузашти раиси ҷумҳурии Туркманистон

Ахбори зид ва нақизе аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури Туркманистон тавассути расонаҳо мухобира мешавад.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Садо ва симо; хабаргузории Спутники форсӣ навишт; Аслон  Рӯбоев мудири маркази назорат бар масоили Авруосиё дар Туркманистон эълом кард Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов замоне,ки дар ҳоли гузарондани таътилот буд,дар гузашт.

Бар асоси ин гузориш,канали 24и телевезиони Украин низ ин хабарро таъйид кард.

Ин дар ҳоле аст,ки Шоҳдурди Миров сафири Туркманистон дар Қирғизистон, ахбори расонаҳо бинобар даргузашти Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии ин кишварро такзиб кард.

Гуфта мешавад, Бердимуҳаммадов 10 рӯзи гузашта дар назарҳои умум дида нашудааст.