Қабули қонунҳои нав барои контроли мадрасаҳои динии Қирғизистон
(last modified Wed, 24 Jul 2019 12:57:15 GMT )
Июл 24, 2019 17:57 Asia/Dushanbe
  • Қабули қонунҳои нав барои контроли мадрасаҳои динии Қирғизистон

Қирғизистон қонунҳои наве барои контроли мадориси динӣ қабул мекунад.

Ба гузориши ИРНА, бино бар эъломи Комиссияи давлатии умури динии Қирғизистон, ин кишвар дар ҳоли ҳозир 102 мадрасаи динӣ сабт шуда ва 9 муассисаи олии омӯзиши динӣ дорад. То феврали соли 2017 дар ҳудуди 6 ҳазор донишҷӯ ё талаба дар мадориси динии ин кишвар таҳсил мекарданд. Ҳарчанд эҳтимолан шумори ин донишҷӯён бештар аст, зеро ҳамаи мадрасаҳои динӣ ба таври расмӣ сабт нашудаанд.

Муассисаи “Булон” ба тозагӣ дар гузорише дар бораи фаъолияти муассисоти динии сабтнашуда навишт, ин муассисот мутлақан ҳеҷ шароите барои дарс хондан надоранд ва бо кумакҳои хайрия ва садақот аз масоҷид кор мекунанд ва вазъияти беҳдоштии онҳо ҳам муносиб нест.

Қонунҳои нави Комиссияи давлатии умури динии Қирғизистон тамоми муассисоти диниро мулзам месозад, ки мавзӯоте монанди ҷомеа, таърихи адён ва адабиёти қирғизиро низ дар дарсҳои худ ворид кунанд.  Гулноз Исоева, раиси бахши пажӯҳиши Комиссияи умури динии Қирғизистон гуфт, қавонини ҷадид мушаххас мекунад, ки чӣ касоне метавонанд тадрис кунанд ва ҳамчунин шароити муҳтавоии дарсҳо ва шароити синфу либоси ягона ва илзомоти фаннии мадорисро таъйин мекунад. Вай афзуд, ба илова 10 мавзӯъ, шомили забонҳои қирғизӣ ва русӣ, ҷуғрофия, ҷомеашиносӣ, таърихи ҷаҳон ва фанноварии иттилоот дар муассисоти омӯзишии олӣ илзомӣ хоҳад шуд.

Ин аввалин бор нест, ки Қирғизистон барои контроли давлат бар омӯзиши динӣ талош мекунад. Дар соли 2013 низ Ғанибек Усмоналиев, аз намояндагони маҷлис пешнависи тарҳеро дар ин замина матраҳ кард, ки фароянди тасвиби ниҳоии он ба поён нарасид. Усмоналиев аз қавонини ҷадид ҳимоят мекунад ва мегӯяд, ки ин қавонин бояд бо ҷидият иҷро шаванд.

Аз 9 муассисаи омӯзиши олии динӣ дар Қирғизистон танҳо як муассиса бо номи Донишгоҳи исломии Қирғиз то ҳудуде аз Вазорати омӯзиш муҷаввиз дарёфт кардааст.