Июл 29, 2019 13:08 Asia/Dushanbe
  • Вазорати кишвари Қирғизистон ба посухи мактуби Атамбоев ҳам рози шуд

Вазорати кишвари Қирғизистон эълом карда аз онҷо,ки Атамбоев ба унвони шоҳид эҳзор шудааст, метавонад посухи суолотро ба сурати мактуб ва аз тариқи намояндагонаш низ посух диҳад.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним,Карима Амонқулова муовини раиси хадамоти матбуотии Вазорати кишвари Қирғизистон гуфта,ки Атамбоев як шоҳид аст ва танҳо як шаҳодат дар мавриди ӯ ниёз аст,ки вай метавонад ба сурати мактуб низ онро анҷом диҳад.

Бо ин ҳол Атамбоев посух додааст,ки то вақте мақомоти ин кишвар ба чорчуби қонун боз нагарданд,Ӯ барои бозҷӯӣ ба идораи пулис намеравад.

Парлумони Қирғизистон масунияти раиси ҷумҳури собиқи ин кишварро ҳазф карда ва Ӯ дар натиҷаи таҳқиқоти парванда озодии ғайри қонунӣ Азиз Ботуков се бор ба Вазорати кишвар эҳзор шуда, аммо ҳар се бор аз ҳузур имтиноъ варзидааст.

Дар ҳамин замина Атамбоев 24 июл дидоре бо Валадимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар Кремл дошт.

Таҳлилгарон бар ин ақидаанд вай хоҳони вурӯд ба Маскав ба танишҳои сиёсӣ барои ҳалу фасли ин моҷарост.