Сентябр 23, 2016 17:37 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба бемористони Маскав

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон барои идомаи дармон ба даъвати тарафи русӣ, ба Бемористони марказии раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар шаҳри Маскав мунтақил шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон барои идомаи дармон ба Бемористони марказии раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар шаҳри Маскав мунтақил шуд то дармони худро дар ин бемористон таҳти назорати дафтари раёсати ҷумҳурии Федератсиюни Русия аз сар бигирад.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон, ки чанд рӯзи қабл барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид озими Амрико буд, дар Туркия дучори оризаи қалбӣ шуд ва ба бемористон интиқол ёфт.

Мутахассисони туркияӣ пас аз муоинаи пизишкӣ эълом карданд, ки Отамбоев ба далели мушкилоти қалбӣ қодир ба тарки бемористон нест.