Сентябр 07, 2019 16:52 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои сохти 5 нерӯгоҳи барқӣ-обӣ дар Қирғизистон

Раиси кобинаи вузарои Русия бо ишора ба проектҳои ин кишвар дар Қирғизистон, аз омодагии комил барои сохти нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар ин кишвар хабар дод.

Сергей Прихотко, муовини раиси кобинаи вузарои Русия бо ишора ба проектҳои ин кишвар дар Қирғизистон изҳор дошт, Маскав ҳамчунон алоқаманд ба сохти 5 нерӯгоҳи барқӣ - обӣ дар ин кишвар аст, аммо барои иҷрои ин проект давлати Бишкек бояд чанд қонунро риоят кунад.

Ба гузориши “Форс”, вай гуфт, агар давлати Қирғизистон ҳазинаҳои ширкати “Русгидро” ба арзиши 37 миллион долларро пардохт кунад ва буҷаи проектҳо байни 2 кишвар тақсим шавад, Русия омодаи сохти нерӯгоҳҳои обӣ аст.

Ин мақом гуфт, масъалаи сохти нерӯгоҳи “Қвмбарота - 1” низ ба таври доим расад мешавад ва ширкати “Интер Рао” низ барномаҳое барои роҳандозии муҷаддади ин проект дорад.

Ба гуфтаи коршиносон, изҳороти мақоми баландпояи Русия омодагии ин кишвар барои ҳамкорӣ дар заминаи проектҳои зерсохтиро нишон медиҳад ва Маскав танҳо сармоягузори Қирғизистон аст, ки ҳатто бо таваҷҷуҳ ба шароити иқтисодии номатлуб дар ин кишвар омодагии воқеӣ барои ҳамкории танготангро дорад.

Шоёни зикр аст, ки тавофуқномаи сохти нерӯгоҳҳои хурду бузург байни давлатҳои Русия ва Қирғизистон дар соли 2012 тасвиб шуд.