Сентябр 12, 2019 16:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовини дастёри вазири дифои Амрико бо вазири умури хориҷаи Узбакистон

Муовини дастёри вазири дифои Амрико дар масоили амниятӣ бо вазири умури хориҷаи Узбакистон дар Тошканд дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Рэндалл Шрайвер, муовини дастёри вазири дифои Амрико дар масоили амниятӣ дар минтақаи Уқёнуси Ҳинд бо Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дар Тошканд дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тарафайн дар бораи равобити дуҷониба, мавзӯоти рӯзи байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

Тарафайн таъкид карданд, ки гуфтугӯҳои самарбахши Шавкат Мирзиёев бо Доналд Трамп дар чорчуби сафари расмии раисиҷумҳури Узбакистон ба Амрико дар моҳи майи соли 2018, рӯйдоди калидӣ дар таҳким ва тавсеаи равобит байни ду кишвар шуд.

Дар ин дидор ҳамчунин барои таъмини амнияти минтақа аз ҷумла ҳаллу фасли сулҳомези авзои Афғонистон ва ҳамчунин ҷазби ин кишвар ба равобит иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоссе мабзул шуд.

Амрико истиқлоли Узбакистонро дар таърихи 27 декабри соли 1991 милодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 19 феврали соли 1992 байни ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шудааст.