Боздошти 7 табааи тоҷик ба иттиҳоми анҷоми иқдомоти террористӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i46729-Боздошти_7_табааи_тоҷик_ба_иттиҳоми_анҷоми_иқдомоти_террористӣ
Додгоҳи шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз боздошти теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ба иттиҳоми анҷоми иқдомоти террористӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 14, 2019 19:48 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 7 табааи тоҷик ба иттиҳоми анҷоми иқдомоти террористӣ

Додгоҳи шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз боздошти теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ба иттиҳоми анҷоми иқдомоти террористӣ хабар дод.

Ба нақл аз Форс, ин атбои тоҷик ба ташкили гурӯҳҳои ифротӣ, омодагӣ барои анҷоми амалиёти террористӣ, сохти маводи мунфаҷира ва нигоҳ доштани силоҳ муттаҳам шуданд.

Ба ин тартиб, бо ҳукми додгоҳоҳи шаҳри Алмаато Қосимҷон Ғиёсов ба унвони саркардаи ин гурӯҳ ба 18 сол, Абдуҳалим Давлатов ва Неъматулло Неъматов ба унвони афроди калидии ин гурӯҳ ба 14 сол, Паривиз Тӯйчиев, Султон Аминзода, Шералӣ Сафаров, Сафиаллоҳ Қосимов барои узвият ва ҳамкорӣ дар ин гурӯҳ ба муддати 12 сол маҳкум ба зиндон шуданд.