Сентябр 24, 2016 12:19 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамоиши минтақаии

Ҳамоиши фарҳангии байналмилалии «Гуфтугӯҳо дар Роҳи абрешим, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамбстагӣ ва тавофуқи байни миллатҳои минтақа» дар Алмаато оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", дар ин нишаст коршиносони байналмилалӣ ва андешамандони матраҳи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, аъзои Анҷумани миллатҳои муқими Қазоқистон ва дигар иттиҳодияҳои қавмии ин кишвар ширкат мекунанд. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ҳамкорӣ барои тақвияти равобити ҳамаҷониба байни кишварҳо, миллатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихии муштарак дар чорчӯби пешбурди гуфтугӯҳои байни фарҳангҳо эълом шудааст.

Марат Авазов, андешаманди ҳавзаи фарҳангӣ ва иҷтимоии қазоқ, яке аз мубтакирони ин тарҳ гуфтааст, таҳаққуқи тарҳи "Гуфтугӯҳо дар Роҳи абрешим..." натанҳо дар Қазоқистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бояд пайгирӣ шавад. Ӯ афзудааст, ширкаткунандагон баъд аз ин нишаст аз маконҳои таърихии Алмаато боздид хоҳанд кард ва дар боздид аз Теппаи Чингизхон бо бахшҳое аз таърихи Роҳи абрешим ошно хоҳанд шуд.

Нишасти мавсум ба «Гуфтугӯҳо дар Роҳи абрешим...» аз соли 2007 ба ин сӯ ҳар сол бо мушорикати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашта, дар он мушкилоти асосии минтақа ва роҳҳалҳои мавҷуд баррасӣ мешавад.