Сентябр 20, 2019 18:09 Asia/Dushanbe
  • Зиндон - маркази нави сарбозгирии террористҳо дар Осиёи Марказӣ

Ҳамоиши байналмилалии "Осиёи Марказӣ; чолишҳои муосир дар мудирияти зиндонҳо" дар пойтахти Қирғизистон бо ҳузури намояндагони Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд. 

Ба гузориши "Форс", дар ин ҳамоиш намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони мустақил ширкат карданд. 
 
Эҷоди равишҳои таомул бо зиндониёни маҳкум 
шуда ба иттиҳоми терроризм, ифротгароӣ, ҷилавгирӣ аз густариши идологияи ифротӣ дар байни зиндониён ва ироаи кумакҳои равоншиносӣ ба чунин афроде аҳдофи аслии ин ҳамоиш буд. 
 
Ҳуззори ботаҷрибаи Қирғизистон дар заминаи боздошти афроди маҳкумшуда ба иттиҳоми ифротгароӣ ошно ва аз зиндонҳо боздид карданд. 
 
Азамат Араев, раиси бахши дифоъ ва мавқеиятҳои изтирории Қирғизистон дар ин ҳамоиш изҳор дошт, дар Қирғизистон теъдоди афроди маҳкумшуда ба иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ афзоиш ёфта ва мутаассифона, мубаллиғони ҷунбишҳои ифротӣ равишҳои ҷадиде барои густариши идологияи худ, аз ҷумла дар зиндонҳоро ба вуҷуд оварданд. 
 
Вай идомаи дод, бинобарин ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ дар байни зиндонён бисёр муҳим мебошад, ки бояд дар ин замина барномаҳои воҳид ва муштарак эҷод шавад. 
 
Андрей Слизнов, раиси муовинати зидди қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милал дар Қирғизистон дар ҳамоиш тасреҳ кард, роҳандозии барномаҳои муштарак дар бахши ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ дар зиндонҳо ҳадафи аслии ин нишаст мебошад чаро, ки терроризм ва ифротгароӣ чолишҳои муосир ҳастанд. 
 
Ифротгароён бо зиндонёни маъмулӣ дар зиндонҳои муштарак нигаҳдорӣ намешаванд ва барои ин гуна муҷримин зиндони хосе сохта шудааст.