Сентябр 21, 2019 14:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолиятҳои интихоботии маҷлиси олии Ӯзбакистон

Раиси ситоди марказии интихоботи Ӯзбакистон аз оғози расмии фаъолияти интихоботӣ барои маҷлиси олӣ ва ниҳодҳои маҳаллии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории “Форс”, Мирзоулуғбек Абдусаломов бо ишора ба ин ки интихоботи маҷлиси олӣ ва ниҳодҳои маҳаллии Ӯзбакистон рӯзи 22 декабри соли 2019 мелодӣ баргузор хоҳад шуд гуфт, фаъолияти интихоботӣ барои маҷлиси олӣ ва ниҳодҳои маҳаллии ин кишвар ба таври расмӣ оғоз шудааст.

Раиси ситоди марказии интихоботи Ӯзбакистон дар ин нишаст ҳамчунин изҳор дошт, дар интихоботи порлумонии моҳи декабр 5 ҳизб барои касби 150 сандалӣ дар маҷлиси олӣ бо ҳам ба рақобат хоҳанд пардохт.

Интихоботи порлумонии қаблӣ дар моҳи декабри соли 2014 ва январи соли 2015 мелодӣ баргузор шуд.