Сентябр 27, 2019 19:15 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Узбакистон ба Душанбе сафар кард

Маркази матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон аз сафари расмии як ҳайати низомии Узбакистон таҳти раёсати вазири дифои ин кишвар ба Душанбе хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Баҳодур Қурбонов, вазири дифои Узбакистон дар раъси як ҳайати низомӣ ба Тоҷикистон сафар кард.

Ориф Низомиён, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон зимни эъломи ин хабар гуфт: Ин нахустин сафари расмии вазири дифои Узбакистон таи 28 соли истиқлоли ин кишвар мебошад.

Вазири дифои Узбакистон дар ҷараёни ин сафар аз Донишкадаи ҳавопаймоии Дронишгоҳи низомии Вазорати дифои Тоҷикистон  боздид кард.

Ҳамчунин  дар чорчӯби ин сафар Қурбонов аз парки Алишер Навоӣ ва Музеи миллии Тоҷикистон дидан кард.